Дар конфронси пешазинтихоботии бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Қумсангир, Румӣ, Панҷ ва Ҷиликӯли вилояти Хатлон сухангӯи ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмон якдилона номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, конфронс дар манзили истиқоматии яке аз фаъолони ҳизб доир гардида, дар он аз 55 нафар вакили даъватшуда 50 нафар ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, аксари мутлақи вакилони конфронс, номзадии Маҳмудҷони Файзраҳмонро ҷонибдорӣ намуда, аз комиссияи ҳавзавии интихоботии №33 хоҳиш намуданд, ки номбурдаро ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон сабти ном намоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар кори конфронс намоянда аз мақомоти маҳаллӣ, комиссияи ҳавзавии интихоботӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ ширкат варзидаанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳукуматдорони ноҳияи Қумсангир ба баргузории конфронси мазкур, ки бояд дар толори Тоҷикматлубот-и ноҳияи Қумсангир доир мегардид, монеъа эҷод сохта буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста