Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи ғаддоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Шарли Эбдо”, ки 12 нафар кушта ба ҷой гузошт, ба унвони президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки «ин амали ғайриинсонӣ ҳамаи моро бори дигар ҳушдор медиҳад: башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ бу рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист.
«Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин “вабои аср” бояд ҳамаи моро муттаҳид созад. Тоҷикистон, ки бо Фаронса дар ин ҷода ҳамеша ҳамкориҳои хубу созанда дошт, таъкидан иброз медорад, ки дар амри решакан намудани ин падидаи фалокатбор бо Фаронса хоҳад буд», - омадааст дар барқия.
Сарвари давлати Тоҷикистон бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Фаронса ва ба наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба маҷрӯҳшудагон шифои оҷил ва комил орзу мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста