Бахши Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар ноҳияи Ҳисор имрӯз дар конфронси пешазинтихоботии худ вакили амалкунандаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, узви Кумитаи иқтисоду молияи парлумон Шарофиддин Сироҷовро такроран номзад ба вакилӣ дар парлумони оянда пешбарӣ намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲИИТ хабар дод, Ш.Сироҷов моҳи феврали соли 2010 маҳз аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҳисор номзад ба вакилӣ пешбарӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи мазкур номзадии раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Ҳисор Маҳмаднабӣ Бердиевро номзад ба вакилӣ пешбарӣ карда буд.
Як манбаъ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ дод, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 12-уми январ ҳизб номзади худро ба вакилӣ аз ин ҳавза муайян мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста