Дар конфронси муштараки бахшҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод ва Ховалинги вилояти Хатлон сардори Академияи ВКД Тоҷикистон, генерал-майори милиса, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод.
Хотирррасон шуд, ки қаблан ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қӯрғонтеппа сардори Раёсати ВКД дар вилоят Хатлон, генерал-майори милиса Анвар Тағоймуродовро номзад ба вакилӣ пешбарӣ карда буд.
«Конфронси муштараки бахшҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритӯс ва Носири Хусрави вилояти Хатлон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қубодиён Бадриддин Садриддиновро, ки дар даъвати кунунии Маҷлиси намояндагон ҳавзаи мазкурро намояндагӣ мекунад, такроран номзад ба вакилӣ пешбарӣ намуд», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста