Дар маҷлисгоҳи Кохи Ваҳдат Конференсияи 3 юми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар кори Конференсия муовини Раиси ҲҲДТ Бобоҷониён Раънохон, Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Маъмурзода Адҳам, Муовинони Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони намояндагии «Созандагони Ватан» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок ва баромад намуданд.
Дар Конференсия мазкур масъалаи Ҳисоботи Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар давоми фаъолият, интихоби Раиси нави ТҶҶ «Созандагони Ватан» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нахуст Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Маъмурзода Адҳам оид ба фаъолияти корӣ дар давоми 3 сол ба ҳозирон маълумоти муфасал дода, аз бурду бохт, чорабиниҳои баргузорнамуда, ва ҷалби ҷавонон ба ин ташкилоти бонуфуз ибрози назар намуд.
Сипас роҳбарони намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Файзобод ба музокирот баромада фаъолияти кории ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия муовини Раиси ҲҲДТ Бобоҷониён Раънохон баромад намуда, номзади пешниҳодшуда ба Раисии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ро ба ҳозирон муаррифӣ намуд. Ҳамин тавр, ба вазифаи Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» номзадии Абдураҳмонов Исфандиёр пешбарӣ гардида, аз ҷониби ҳозирон интихоб карда шуд.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 30 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста