Давоми соли 2014 қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА беш аз 11% поин рафт.
Тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба санаи 1-уми январи соли равон 1 доллари ИМА 5,3074 сомонӣ арзиш дошт. Ба ҳамин санаи соли 2013 қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА ба 4,7741 сомонӣ баробар буд.
Дар ҳамин ҳол, тайи соли 2014 қурби расмии арзи миллии тоҷикӣ нисбати рубли русӣ тақрибан 39% боло рафта, давоми соли қурби рубли русӣ нисбати сомонӣ аз 0,1446 сомонӣ то ба 0,0888 сомонӣ барои 1 рубл поин рафт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, тайи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА баланд шуда, ба ҳисоби миёна то 5,5690-5,5830 сомонӣ расид.
Санаи 8-уми январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе 5,6230-5,6430 сомонӣ, Хуҷанд 5,6600-5,6800 сомонӣ ва Қӯрғонтеппа 5,6500-5,6700 сомониро ташкил намуд.
«Ҳамзамон, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан ба 0,0890-0,0910 сомонӣ барои як рубли русӣ ва 6,5270-6,5490 сомонӣ барои як евро баробар шуданд», - омадааст дар маълумоти БМТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста