Дар конфронсҳои бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта доир гардиданд, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 5 нафар фаъолони ҳизб номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва Ваҳдат оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Файзобод №11 баргузор гардида, номзадии Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар Навоҳии тобеъи марказ ба вакилии МН пешниҳод гардид.
Бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мушовири раиси ҳизб оид ба ҳуқуқ Зарафо Хӯҷаеваро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ намуд.
Энергетики касбӣ Нуъмон Шарипов аз ҳавзаи интихоботии Исфара ва Қавӣ Файзиев аз ноҳияи Панҷакент низ номзадҳои ҲНИТ ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуданд.
Конфронси муштараки бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Вахш, Бохтар ва Румии вилояти Хатлон Қиёмиддин Авазовро номад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ кард.



Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии "ITB Berlin-2026"
"10 ҳазор сомонӣ ришва гирифт". Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Леваканд қариб 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Пешгӯии коршиносон дар бораи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон
Оғози мавсими мубориза бо малах. Барои нобудсозии ин ҳашарот аз паҳподҳо истифода мекунанд
Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 39
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста