Дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҷониби Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя барқарор кардани хатсйари ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд ва ҳамчунин равуои автобусхои мусофиркаш байни як қатор шаҳру навоҳии ҳарду кишварро пешниҳод намудааст.
«Ғайр аз ин, Тоҷикистон ба ҳамтоёни ӯзбеки худ ҳамчунин баррасии масъалаи соддакунии дастрасии раводид барои шаҳрвандони ҳарду кишвар, яъне гирифтани раводид бевосита дар сарҳади давлатҳоро низ ироа доштааст», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, маълумоти интишоршудаи чанде аз васоити ахбори умуми Ӯзбекистон оид ба аз ҷониби ҳарду тараф мавриди баррасӣ қарор гирифтани комилан бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо тасдиқ нагардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста