Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Кока – Кола Ичечек А.С.” оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ду давра татбиқ карда шуда, дар давраи аввали амалишавии лоиҳа ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 30 млн. долл. ИМА ва дар давраи дуюм 20 млн. доллари ИМА-ро дарбар мегирад.
«Баъд аз мавриди амал қарор гирифтани лоиҳа, зиёда аз 120 ҷойи нави кории мустақим ва то 500 ҷойи кории нави ғайримустақим ташкил карда шуда, иқтидори солонаи он 100 млн. литр маҳсулоти ғайримашруботиро ташкил медиҳад», - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, дар давоми панҷ сол аз санаи оғози истеҳсолот пардохтҳои давлатӣ ба буҷети кишвар зиёда аз 21 млн. долл. ИМА-ро ташкил хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки ширкати "Кока-Кола", ки бо тамғаи молии "Кока-Кола" маҳсулот истеҳсол мекунад, яке аз ташкилотҳои маъруф ва пуриқдори истеҳсолии ҷаҳонӣ буда, маҳсулоти тавлиднамудаи он бозорҳои зиёда аз 200 кишвари ҷаҳонро фаро гирифта, ба ҳисоби миёна 1 рӯз дар ҷаҳон зиёда аз 1 млрд. воҳид маҳсулоти ширкати «Кока-Кола» ба фурӯш меравад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста