Тамоми 35 қитъаи овоздиҳии дар қаламрави 27 давлатҳои хориҷӣ таъсисёфта оид ба интихоби вакилон ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳайати ҳавзаи якмандатии интихоботии №3-и Шоҳмансури шаҳри Душанбе дохил карда шуданд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик дар қитъаҳои интихоботии мазкур ба тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  муқими кишварҳои хориҷӣ мебошанд, оғоз мекунанд.

«То санаи интихобот барои шаҳрвандоне, ки ба рӯйхатҳои аввалӣ шомил нашудаанд, рӯйхатҳои иловагӣ тартиб дода мешаванд», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли Додозода, дар қитаҳои интихоботии мазкур дар маконе, ки шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, бахусус дар Русия, ҳамчунин қуттиҳои сайёри раъйдиҳӣ низ ташкил карда мешавад.

Ҳамин тариқ, ба як ҳавзаи якмандатии интихоботӣ шомил кардани ҳамаи шаҳрвандони тоҷикистонии муқими кишварҳои хориҷӣ маънои онро дорад, ки сарфи назар аз шумор, онҳо танҳо ба як номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон овоз дода метавонанд.