Дар конфронси бахши Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат роҳбари Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони ҷумҳурӣ Ҷамшед Муртазоқулов аз ҳавзаи якмандатии интихоботии ин шаҳр номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд.
Бино ба иттилои як манбаъ аз ҲХДТ, Ҷ.Муртазоқулов соли 2000 барои дарёфти унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Мақоми шаҳрвандӣ-ҳуқуқии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи қонунгузории Тоҷикистон» диссертатсия ҳимоя намуда, соли 2012 дар Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русия дар мавзӯи «Мушкилоти шаҳрвандӣ-ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Тоҷикистон» кори илмии докториашро ҳимоя кардааст.
Айни замон ӯ профессори кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистон, узви Шӯрои илмӣ-машваратии Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (соли 2004) мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста