Дар шаҳри Брюссел вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустам Солиев бо ноиби президенти Парлумони Аврупо Ричард Чарнески баргузор гардид.
Тавре аз намояндагиидоимии ҶТ дар ИттиҳодиАврупо хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда, оид ба таҳким ва тавсеаи минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Гуфта мешавад, Ричард Чарнески изҳор намуд, ки Парлумони Аврупо омода аст бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ барои боз ҳам ба сатҳи баланд бардоштани ҳамкориҳои мутақобилан судманди бисёрҷониба миёниТоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мусоидат расонад.
Дар ҳошияи вохӯрӣ Намояндаи доимӣ аз аъзои Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо шудани Ричард Чарнески ибрози қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки чунин тавсеаи сафи аъзоёни Гурӯҳи дӯстӣ барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳоиТоҷикистону ИттиҳодиАврупо мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Ба иттилои манбаъ, чанде қабл ҳамчунин бо иштироки Ричард Чарнески вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо баргузор гардида, Рустам Солиев ба вакилон оид ба рафти омодагӣ ба баргузории интихоботи навбатии парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, маълумоти муфассал додааст.
Зикр гардидааст, ки интихоботи навбатии парлумонӣ дарТоҷикистон дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони муосир баргузор гардида, натиҷаҳои он барои рушди минбаъдаи парламентаризми демократии кишвар мусоидат хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста