Тибқи иттилоъи масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар маҳалҳо, масъулини бахшҳои ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд ва Панҷакент рӯйхати намояндагони ҳизбро барои вуруд ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботӣ пешниҳод карданд, аммо Комиссияҳои ҳавзавӣ аз вуруди ишон дар комиссияҳои участкавӣ худдорӣ намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, комиссияҳои ҳавзавӣ далели радди вуруди ишонро чунин шарҳ додаанд: "Дар қонуни конститутсионии мазкур (Қонуни конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси олии ҶТ”) ворид намудани намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихоботӣ, пешбинӣ нашудааст.”
Гуфта мешавад, аммо Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, моддаи 17 гуфтааст, ки ҳизби сиёсӣ "дар комиссияҳои интихоботӣ метавонад намояндагӣ кунад.” Ҳамчунин, Қонуни конститутсионии ҶТ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ” вуруди намояндаҳои аҳзоби сиёсиро манъ накардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки бахши Ҳизби наҳзат дар ноҳияи Панҷакент баъди радди рӯйхати намояндаҳояш аз тарафи Комиссияи ҳавзавии ноҳия ба Суди ноҳия муроҷиат кардааст, аммо Суди ноҳиясанаи 12-уми январ, қазияро ба фоидаи Комиссияи ҳавзавӣ ҳал кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста