Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 ба андозаи 14% зиёдтар аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нишаст, муассисаҳои томактабӣ барои 1,2 ҳазор нафар кӯдакон, дармонгоҳҳои дорои имкони қабули 665 нафар беморон дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон нақшаҳои генералии 30 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амалисозӣ қарор доранд.
«Нақшаи генералии ноҳияи Темурмалик таҳия ва ба баррасии ҳукумат пешниҳод гардида, нақшаҳои генералии боз 8 шаҳру навоҳӣ дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд», - гуфтанд дар Кумита.
Зимнан зикр гардид, ки корҳои таҳияи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бохтар, Восеъ, Ҷаббор Расулов, Мурғоб, Варзоб, Ғончӣ, Ашт ва Ҷомӣ пурра ба итмом расида, корҳои таҳияи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод идома доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста