Дар конфронси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Истравшан раиси ин шаҳр Иброҳим Абуллозода номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуд.
Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Иброҳим Абдуллозода имрӯз ягона узви ҳизб аст, ки ба ҳайси раиси шаҳр фаъолият дорад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сухангӯи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ конфронси ҳизб Гулнора Бобоева, роҳбари Раёсати илм ва маорифи дастгоҳи президенти кишварро аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст.
«Имрӯз конфронси муштараки бахшҳои ҲХДТ дар ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан ҳамчунин раиси ноҳияи Ғончӣ Зуфар Исмоилзодаро номзад ба вакилӣ пешбарӣ намуд», - иброз дошт ӯ.
Аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки пагоҳ аз шаҳри Конибодом низ намояндаи ҳизб номзад ба вакилӣ пешбарӣ мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста