Собиқ қумондони саҳроии Бадахшон Толиб Айёмбеков қисмати зиёди қарзи гирифтааш аз Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-ро баргардонид.
Роҳбари «Амонтабонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки қарзи Айёмбеков назди бонк боз 157 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст. «Мо ҳамеша бо ӯ дар робита буда, ваъда дод, ки то ахири ҳамин моҳ боз 25 ҳазор сомонии дигар маблағи қарзро пардохт мекунад», - иброз дошт номбурда.
Ба қавли раиси бонк, Айёмбеков ҳеҷ гоҳ далели аз «Амонатобонк» қарздор буданашро инкор накарда, бо онҳо «робитаи хуб дорад».
Ёдрас мекунем, ки соли 2010 Толиб Айёмбеков ва писари ӯ Ғуломалӣ Абдураҳмонов аз «Амонатбонк» дар ҳаҷми 455 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, тибқи шартнома уҳдадор шуданд, ки онро дар муддати ду сол бармегардонанд.
Толиб Айёмбеков бародари қумондони саҳроии маъруфи собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Абдуламон Айёмбеков (маъруф бо лақаби Алёша-Горбун) мебошад. А.Айёмбеков соли 1994 дар синни 34-солагӣ дар Бадахшон кушта шуд.
Дар ҳамин ҳол, раиси «Амонатбонк» ҳамчунин қайд кард, ки шаҳрванд Оламбибӣ Гулдарбоғова, ки соли 2008 бо супориши қумондони дигари Бадахшон Ёдгор Мамадасламов аз «Амонатбонк» қарз гирифта буд, қарзаш ба маблағи 355 ҳазор сомониро пурра ба бонк пардохт намудааст. «Соли 2014 дар маҷмӯъ 30 млн. сомонӣ аз воситаҳои қарзии вобаста ба мушкилот ба бонк баргардонида шуд», - афзуд Нурмаҳмадзода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста