Аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили амалкунандаи парлумони кунунӣ Суҳроб Шариповро номзад ба вакилӣ дар парлумони оянда пешбарӣ кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод.
Қобили зикр аст, ки Суҳроб Шарипов айни замон ин ҳавзаи интихоботиро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ ҲХДТ ҳамчунин Маҳмадалӣ Ватановро номзад ва вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ намуд. М.Ватанов низ феълан ин ҳавзаро дар даъвати ҳозираи парлумон намояндагӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми январ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури пойтахт хатмкардаи Донишгоҳи байнулмилалии Теҳрон ва факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, духтари муасиси ҲНИТ Саид Абуллои Нурӣ, сиёсатшинос Руқия Саидоваро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.
Ҳамчунин мебояд гуфт, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии мазкур Ҳизби демократи Тоҷикистон яке аз фаъолони ҳизб, журналист Аҳмадшоҳи Комилзодаро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста