Гурӯҳи аввали нозирони дарозмуддати Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ахири моҳи январ ба Душанбе ташриф меоранд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин гурӯҳи аввали нозирони САҲА аз 11 нафар иборат аст.
Номбурда хотиррасон намуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, аз иштироки беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ дар маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интизорӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли гузашта 502 нафар нозирони байнулмилалӣ ҳузур доштанд.
Шурӯъ аз рӯзҳои аввали Соли нав тариқи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ КМИР ба унвони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, САҲА ва як қатор кишварҳо ҷиҳати иштирок дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъватнома фиристод.
Ҳамчунин мебояд зикр кард, ки пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҷониби нозирони САҲА ба Тоҷикистон оид ба такмили ҷараёни интихобот 25 тавсия пешниҳод гардида буд , ки то имрӯз 18-то он иҷро шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста