Ширкатҳои машғул ба истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳудуди 40%-и фулузоти қиматбаҳоро ба хориҷи кишвар содирот намуда, қисмати боқимондаро дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхтанд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар маҷмӯъ фурӯши маҳсулоти корхонаҳои соҳа дар 11 моҳ 1 млрд. 306 млн. 138,6 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар 1 млрд. 13 млн. 325,1 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2014 корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 1млрд. 674,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, нисбат ба соли гузашта 182,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
«Дар ин давра суръати афзоиш 112,3%-ро ташкил намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои куҳӣ 18,1% аз ҳаҷми маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Соли 2013 ин нишондод 11,4%-ро ташкил мекард», - омадааст дар маълумоти Вазорат.
Гуфта мешавад, давоми 11 моҳи соли гузашта нақшаи истихроҷи фулузоти қиматбаҳо дар Тоҷикистон 17% барзиёд иҷро шудааст. Қаблан дар Вазорат изҳор дошта буданд, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2014 истихроҷи тилло дар сатҳи на камтар аз 3 тонна таъмин мегардад ва аллакай ахири моҳи октябр ин нишондиҳанда ба даст оварда шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра барои рушду равнақи соҳа 456,3 млн.сомонӣ (97,1 млн. доллари ИМА) маблағгузорӣ ҷалб карда шудааст, ки нисбати соли 2013 - 46,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бештари маблағҳои сармоявӣ ба ҶДММ КМ “Зарафшон” -263,2 (56,0 млн. доллари ИМА) ҷалб карда шудааст.
Аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2014 ширкатҳои истихроҷи тиллои Тоҷикистон 1 ҳазору 141,1 кило тилло истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 – 57,6 кило зиёдтар аст. Нимсолаи аввали соли 2014 ҳаҷми истихроҷи нуқра дар Тоҷикистон 943,6 килоро ташкил дод, ки дар муқоиса бо 6 моҳи соли 2013 – 43,2 кило бештар мебошад.




“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста