Рӯйхати ҳизбии санаи 13-уми декабри соли гузашта аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пешниҳодшудаи номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ каме ихтисор шуд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҲХДТ номзадии Қаноатшо Лоиқовро, ки дар рӯйхат таҳти рақами 18 қарор дошт, бозпас хондааст.
«Санаи 2-юми январ Қаноатшо Лоиқов бо фармони президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Рашт таъин карда шуд ва мутобиқи меъёри қонунгузорӣ, як шахс дар як вақт наметавонад ҳам мансаби давлатӣ ва ҳам курсии парлумонро ишғол намояд. Аз ин рӯ, ҲХДТ номзадии ӯро бозпас гирифт», - иброз дошт А.Додозода.
Ёдрас мекунем, ки дар анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки пешвои ҳизб, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 нафар номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуданд. Номзади ҷавонтарини ҳизб, корманди дастгоҳи иҷроияи президент Юсуф Маҷидӣ 26 сол дошта, дар садри рӯйхат ёвари президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббори Азиз қарор гирифт.



Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста