Рӯзи 15 январи соли 2015 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии и Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо кордори сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада баргузор гашт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни сӯҳбат масоили густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории судманд дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ҳамчунин мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ён Ҷон Ку доир гардид.
Зикр мегардад, ки зимни вохӯрӣ масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, атрофи омодагии ҷонибҳо ба чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ - Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ, ки моҳи апрел дар ш. Тегуи Корея баргузор мегардад ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки онро дар моҳи июни соли ҷорӣ Душанбе мизбонӣ мекунад, табодули назар сурат гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста