Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони кишварро ба итмом расонид.
Бино ба иттилои сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмон, тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ – 27 нафар ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ – 22 нафар аъзои ҳизб номзад пешбарӣ шудаанд, ки 10 нафарашон занон мебошанд.
«Синни аксари номзадҳои ҳизб аз 50 поён мебошад. Аз ҷумла, 9 нафар номзадҳо камтар аз 40 сол доранд ва 17 нафар аз 40 то 50 сола, 22 нафар аз 50 то 60 сола ва танҳо 2 нафар болотар аз 60 сола мебошанд», - омадааст дар маълумоти сомонаи расмии ҳизб.
Гуфта мешавад, дар миқёси ҷумҳурӣ 2648 қитъаҳои интихоботӣ таъсис шудааст ва ҲНИТ дар назар дорад ба 1381 қитъа нозир ва ба 1245 қитъа аъзо пешниҳод намояд.
Зимнан зикр мегардад, ки барои иштироки босамар дар интихобот ҳизб ситодҳо ташкил намуда, дар ин ситодҳо 596 нафар, аз ҷумла, 536 нафар дар ситодҳои минтақавӣ ва 60 нафар дар ситоди марказӣ кору фаъолият доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста