Соли 2014 дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10,5 млрд. сомонӣ (зиёда аз 2 млрд. доллари ИМА) маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 ба андозаи 5,1% зиёдтар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 13,3, саноати коркард – 66,1% ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 20,6%-ро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим соли 2014 дар 40 номгӯи он истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 37 номгӯй истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи маҳсулот истеҳсол нашудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз 1 ҳазору 183 корхонаи саноатии назди Агентии омор ҳисоботдиҳанда, аз оғози сол 149 корхона аз фаъолият бозмондаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста