Тибқи натиҷаҳои ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки санаи 15-уми январ ба итмом расид, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ барои ишғоли 41 курсии парлумон 212 нафар номзадҳо доваталабӣ мекунанд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин шумор 108 нафар номзадҳо аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешбарӣ шуда, 104 нафар тариқи худпешбарӣ номзадиашонро гузоштаанд.
«Шумори аз ҳама бештари номзадҳо ба вакилӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури пойтахт ба қайд гирифта шудааст, ки 8 нафаранд», - иброз дошт вай.
Номбурда таъкид дошт, ки ҷараёни сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ рӯзи 19-уми январ оғоз гардида, то 9-уми феврал идома меёбад.
Ёдрас мекунем, ки ба 22 курсии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон 123 нафар номзадҳоро пешбарӣ карданд, ки 104 нафарашон аз санҷиши забони тоҷикӣ гузаштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста