Шӯрои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ қарор кард, ки санаи 21-уми январро Рӯзи ҳамраъйӣ бо адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудратов эълон намояд.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарорро Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон ва номзадҳои аз ҷониби ҳизб ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбаришуда дастгирӣ карданд.
Ба гуфтаи Зойиров, санаи 21-уми январ Шуҳрат Қудратов синни 38-солагиро пур мекунад ва ҳамчунин аз боздошти ӯ расо ним сол сипарӣ мешавад. «Имрӯз ман ҳамчун адвокат аз болои ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати зерҳимояам шикоят мебарам», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январ суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.
Раҳматилло Зойиров қаблан изҳор намуда буд, ки зерҳимояаш бо дифоъ аз манфиатҳои Зайд Саидов ва дигар шахсон, ки тафтишоти парвандаи онҳо ба дӯши Агентии зиддифасод вогузор шуда буд, ба ин мақомот халал мерасонд , «вагарна Шуҳрат Қудратов ба озодӣ мебаромад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста