Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон шинос шуд.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир сифати иҷрои корҳо дар баъзе қитъахои роҳро мавриди интиқоди шадид қарор дода, аз шахсони масъул талаб кард, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ин камбудиҳоро бартараф созанд.
Қоҳир Расулзода ба роҳбарони корхонаҳои машғули амалисозии лоиҳаи мазкур ҷиҳати анҷоми корҳои таъмиру азнавсозии роҳ ва мавриди истифода қарор додани иншоот аввали моҳи июни соли ҷорӣ дастур супоришҳои мушаххас дод.
Нахуствазир таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллии ҳокимяити давлатии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринавро ба бунёди иншооти зербинову ёридиҳанда дар тӯли роҳ ҷалб намуд.
Ахири моҳи декабри соли гузашта иттилоъ дода будем, ки f малисозии қисмати якуми лоиҳа бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбӣ буда, татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон аввали соли равон оғоз мегардад.
Ёдрас мекунем, ки 7-уми ноябри соли 2011 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Сиаою Жао маросими расмии оғози таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Масофаи умумии роҳ 61,5 километр аст.
Паймонкори кулли лоиҳа ширкати «Чайна роуд»-и Чин аст. Барои таъмиру азнавсозии роҳи мазкур дар маҷмӯъ 131,3 млн. доллари ИМа ҷудо гардид, ки 120 млн. доллари ИМА – бурси БОР ва 11,3 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.
Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста