Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки бақияи қарзҳо аз андоз дар Тоҷикистон ба санаи 1-уми декабри соли 2014 ҳудуди 585 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи раиси Кумита, аз пардохти андоз ширкати «Барқи тоҷик» аз ҳама бештар қарздор аст, ки мабалғи қарзи он ба ин сана 135,5 млн. сомониро ташкил дода, бақияи қарзҳои солҳои пешинро низ дар бар мегирад.
«ҶСК «Сангтӯда-1» - 26,1 млн. сомонӣ, ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» - 14,2 млн. сомонӣ, КВД «Алюминсохтмон» - 6,8 млн. сомонӣ, ҶСК «Лаъл» - 6,3 млн. сомонӣ, КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» - 4,3 млн. сомонӣ ва КМ «Тоҷиказот» - 4,2 сомонӣ аз пардохти андоз қарздоранд», - гуфт ӯ.
Н.Давлатзода таъкид дошт, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти андоз ба маблағи умумии ҳудуди 390 млн. сомонӣ беш аз 2,3 ҳазор қарорҳои рӯёнидани андоз бо тартиботи ғайрисудӣ (маҷбурӣ) қабул шуда, ба ин васила ба буҷети давлатӣ қариб 245 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки аз нишондиҳандаи соли гузашта ба миқдори 78 млн. сомонӣ бештар аст.
«Соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар боҷҳо 2,8% барзиёд иҷро шуда, ба ҷойи 6 млрд. 923,5 млн. сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ (бо назардошти андози ғайрибуҷетии иҷтимоӣ) 7 млрд. 117,1 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд», - афзуд ӯ.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста