Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 20-уми январ ба сабти расмии номзадҳои пешбаришуда ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон оғоз мекунад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз сабти расмии номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбаришудаи Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар назар аст.
Хотиррасон шуд, ки ба рӯйхати ҲДТ – таҳти роҳбарии раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов 4 нафар, ҲСТ – таҳти роҳбарии раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров – 6 нафар ва ҲИИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Олимҷон Бобоев – 6 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар КМИР сабти расмии 28 нафар ҳайати нозирони байнулмилалии Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА), ки аллакай дар шаҳри Душанбе қарор доранд, низ пешбинӣ шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста