Ба ивази сиёсатмадор ва олими варзида Суҳроб Шарифов, ки рӯзи 19-уми декабр аз олам даргузашт, Ҳизби халқии демократии тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Шоҳмансури пойтахт номзади нав ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ карда наметавонад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, мутобиқи қонунгузории интихоботии кишвар, пас аз анҷоми расмии маъракаи пешбарии номзадҳо, ки санаи 14-уми январ ба итмом расид, дигар пешбарии номзадҳои нав манъ аст.
Ёдрас мекунем, ки Суҳроб Шарифовро санаи 10-уми январи соли ҷорӣ ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ намуд. Дар даъвати ҳозираи парлумон низ ӯ ҳамин ҳавзаро намояндагӣ мекард.
Санаи 13-уми январ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури пойтахт хатмкардаи Донишгоҳи байнулмилалии Теҳрон ва факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, духтари муасиси ҲНИТ Саид Абуллои Нурӣ, сиёсатшинос Руқия Саидова (Руқия Нурӣ)-ро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.
Ҳамчунин мебояд гуфт, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии мазкур Ҳизби демократи Тоҷикистон яке аз фаъолони ҳизб, журналист Аҳмадшоҳи Комилзодаро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст.
Дар робита ба даргузашти Суҳроб Шарифов, номзади ҲНИТ Руқия Нурӣ тариқи хадамоти матбуоти ҲНИТ изҳор доштааст , ки аз даргузашти чнин рақиби арзанда мутаассиф аст.
«Ино лиллоҳ ва ино илайҳи роҷиъун. Аз Худованди бузург ба наздикони Суҳроб Шарифов сабри ҷамил мехоҳам. Воқеан Шарифов як марди зиёд муҳтарам ва донишманду рӯшанфикр буд. Банда ин бародарро дар мизи гирду семинарҳое, ки дар манотиқи мухталиф мешуду вохӯриҳо мекардем, шахсияти ишонро дар он ҷо дарёфтам.
Вақте ки ӯро ҳамчун номзад ба вакили МН аз ҷониби Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ман ҳам чун вакил аз ҲНИТ аз рақибии ӯ нороҳат нашудам. Балки хурсанд шудам, ки ин бародар дар паҳлӯи мо аст, чунки як бародари зиёд муҳтарам буд. Мехостам дар ин вохӯриҳое, ки гузаронида мешуд аз наздик вохӯрда, бисёр барномаҳои дигарро таҷриба мекардем.
Ман воқеан хушҳол будам, ки дар паҳлӯи эшон ин маъракаи сиёсиро мегузаронам, вале афсус мехӯрам, ки имрӯз бародар дар паҳлӯи мо нест», - иброз доштааст Руқия Нурӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста