Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов изҳороти намояндагони комиссияи тафтишотии Эрон нисбати парвандаи тоҷир Бобаки Занҷонӣ оид ба аз ҷониби раҳбарияти БМТ гирифтани пораро ҳарзае беш намедонад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон як қатор васоити ахбори умум бо истинод ба Амир Аббос Султонӣ, узви комисияи тафтишотии парвандаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ иттилоъ доданд, ки гӯё замоне намояндаи Занҷонӣ барои сохтакории ҳуҷчатҳои интиқоли мабалғҳои пулии ӯ ба яке аз муовинони раиси БМТ дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА пора додааст.

«Ҳаҷми маблағи пулие, ки дар борааш сухан меравад, чандин маротиба аз буҷети Тоҷикистон зиёд аст ва агар воқеъан ҳам чунин ҳолат ҷой медошт, рӯйпӯш кардани интиқоли чунин миқдор маблағ хеле мушкил аст. Мо чандин маротиба изҳор кардем ва бори дигар изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин мабалғ ҳеҷ муносибате надорад», - гуфт Абдуҷаббор Ширинов.

Раиси БМТ таъкид дошт, ки масъалаи мазкур дар вохӯрӣ бо раҳбарияти Бонки марказии Эрон баррасӣ шуда, онҳо итминон ҳосил кардаанд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ин қазия ҳеҷ муносибате надорад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Бобаки Занҷонӣ яке аз сармоягузорони бештар мавриди баҳс дар Тоҷикистон қарор гирифт. Ӯро саҳмиядори аввали холдинги «Конт-групп Тоҷикистон» мешуморанд, ки ширкатҳои ҷудогонае чун «Asian Express Terminal», «Конт — Таъминот», «Конт-Турист», «Asian Express Airline» и «Конт-сохтмон»-ро муттаҳид месозад. Айни замон «Asian Express Airline» ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати мавриди таҳрим қарордоштаи ИМА ва Аврупо қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки Бобаки Занҷонӣ 30-юми декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Ҳукуматдорони Эрон ӯро ба азхудкунии 2 млрд. 600 млн. еврои мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон муттаҳам медонанд.