- Ҳаҷми умумии захираи байнулмилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба аввали соли равон 2 млрд. 550,9 млн. сомонӣ (ҳудуди 482 млн. $)-ро ташкил медиҳад, - иттилоъ дод зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов.
Ӯ қайд кард, ки соли гузашта ҳаҷми захираҳои тиллову асъори БМТ 12,5% афзуд. «Ба аввали соли 2015 захираҳои софи тиллову асъори бонк тақрибан 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳанд», - иброз дошт раиси БМТ.
Ширинов зикр кард, ки соли гузашта Бонки миллӣ ҳудуди 1,5 ҳазор тонна тилло харидааст. «Айни замон ҳаҷми умумии захираи тилло каме бештар аз 11 тоннаро ташкил дода, мо тиллоро дар дохили кишвар ва бонкҳои аврупоӣ нигоҳ медорем», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки захираи тиллову асъори Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 беш аз 1 млрд. 71,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.
Қобили зикр аст, ки захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста