Миклош Ҳарасти, раиси Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) рӯзи 20-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз оғози кори миссия дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳайати нозирон алҳол аз 14 нафар коршиносон иборат буда, шурӯъ аз 24-уми январи соли 2015 дар саросари манотиқи кишвар боз 16 нафар нозирони дарозмуддат дар тимҳои дунафара сафарбар карда мешаванд. «Иловатан, ДИДҲБ 150 нафар нозирони кӯтоҳмуддатро барои назорати ҷараёни интихобот дар рӯзи интихобот дархост хоҳад кард», - иброз дошт вай.
Миклош Ҳарастӣ хотиррасон намуд, ки нозирон бақайдгирии номзадҳо ва овоздиҳандагон, маъракаҳои ташвиқотӣ, фаъолияти маъмурияти интихобот ва мақомоти дахлдори давлатӣ, қонунгузорӣ оиди интихобот ва амалигардонии он, муҳити воситаҳои ахбори омма ва ҳаллу фасли баҳсҳои марбут ба интихоботро аз наздик назорат карда, ҳамчун ҷузъи назорат, миссия инчунин пахши маъракаҳои интихоботиро тавассути расонаҳои хабарӣ мониторинг мекунад.
«Изҳороти хулосаҳои пешакӣ фардои рӯзи интихобот ба табъ мерасад. Гузориши ниҳоӣ оид ба назорати кулли ҷараёни интихобот тахминан ду моҳ пас аз анҷоми раванди интихобот нашр мешавад. Гурӯҳи мо аз кормандони ҳирфаӣ иборат буда, мо танҳо ба он манфиатдорем, ки ҷараёни интихобот шаффоф, мутобиқи меъёрҳои САҲА сурат гирад», - гуфт М.Ҳарасти.
Ба гуфтаи Миклош Ҳарасти, нозирон ҷараёни интихоботро тибқи нишондиҳандаҳои зерин арзёбӣ мекунанд: таъмини адолат ва шартҳои иштироки номзадҳо, муҳити кори расонаҳо ва имконоти ҳалли баҳсу муроҷиатҳо, иштироки намояндагони аққалиятҳои миллӣ дар ҷараёни интихобот. «Тамоми фаъолияти мо дар доираи санадҳои Копенгаген амалӣ хоҳад шуд, ки ин санадҳоро Тоҷикистон ҳанӯз соли 1990 ба имзо расонидааст», - таъкид дошт номбурда.
Ба саволи журналистон дар бораи таъмини шароити яксон барои номзадҳо ва иштироки ҳизби ҳукуматӣ дар интихобот, Миклош Ҳарасти зикр кард, ки ин ҷо ҳеҷ чизх ғайриоддие нест. «Мо ҷонибдори онем, ки ҳама имконоти яксон дошта бошанд. Ин қисмате аз кори миссияи мост», - афзуд намояндаи САҲА.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста