Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН бо Абдураҳим Мутушев, ректори Донишгоҳи исломии Чеченистон ба номи "Канта-ҳоҷӣ” мулоқот карда, масоили марбут ба вазъи минтақа ва ифротгароиро баҳсу баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ин мулоқот рӯзи 19-уми январи соли 2015 баъди ширкат дар роҳпаймоии бузург барои ҳимоят аз Паёмбари Ислом (с) дар бинои донишгоҳ дар шаҳри Грозний анҷом ёфт.
Дар ин мулоқот Муҳиддин Кабириро Ҷамбулат Умаров, вакили парлумон ва раиси кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонии парлумони Чеченистон ҳамроҳӣ кард.
Ректори Донишгоҳи исломии Чеченистон роҳбари Наҳзатро ба вазъи донишгоҳ ва манҳаҷи дарсии он ошно сохт. Муҳиддин Кабирӣ дар навбати худ аз вазъи минтақа ва мубориза ба ифротгароӣ суҳбат кард.
Баъди вохурӣ бо ректори донишгоҳ, роҳбари Наҳзат ва вакили МН бо муҳоҷирини тоҷики муқими Қавқоз дар яке аз толорҳои Донишгоҳи исломии Чеченистон мулоқот карда, роҳбари Наҳзат дар бораи вазъи кишвар, омодагии ҲНИТ ба интихоботи парлумонӣ ва ғайра суҳбат кард.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати расмии мақомоти Ҷумҳурии Чеченистони Русия барои ширкат дар роҳпаймоӣ алайҳи ифротгароӣ ва барои ҳимоят аз Паёмбари Ислом (с) дар шаҳри Грозний, рӯзи 18-уми январ вориди Чеченистон шуд.
Зимни роҳпаймоӣ, Муҳиддин Кабирӣ бо Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон низ мулоқот кард.




Дар Душанбе кӯдакони бемориҳои модарзодии дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 38
"Сомон Эйр" парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 марти соли 2026
Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон
“Охирин аксе, ки бурд ӯ - акси шуми қотилаш буд”. Ёддошти дӯстии Муҳиддин Олимпур бо Лоиқ Шералӣ
Фонди Абу-Забӣ барои сохтмони НБО “Роғун” $100 млн медиҳад. Шарту шароити қарз маълум шуд
Соли гузашта беш аз 62% даромади буҷети давлатиро андозҳо ташкил додаанд
“Ба ноумедӣ роҳ надиҳед”. Ҳушдори чанд сафорати Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна ба шаҳрвандони кишвар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста