Дар ҷаласаи имрӯзаи КМИР Тоҷикистон масъалаи сабти расмии номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбии ҲХДТ ва Ҳизби аграрӣ пешбаришуда аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додозода хабар дод.
Ӯ хотиррасон намуд, ки рӯйхати ҲХДТ аз 27 нафар номзадҳо таҳти сарварии ёвари президент оид ба масоили кадрҳо Абдуҷаббор Азизӣ ва рӯйхати Ҳизби аграрӣ аз 13 нафар номзадҳо бо роҳбарии раиси ҳизб Рустам Латифзода иборат аст.
Додозода зикр кард, ки чанде қабл нимаи дуюми дирӯз дар КМИР рӯйхатҳои ҳизбии ҲДТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов иборат аз 4 нафар номзадҳо, ҲСТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров иборат аз 6 нафар номзадҳо ва ҲИИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Олимҷон Бобоев иборат аз 6 нафар номзадҳо расман ба қайд гирифта шуданд.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста