Соли гузашта қисмати зиёди сабзавоту мева ва маҳсулоти полезии Тоҷикистон ба Қазоқистон содирот шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 180 ҳазор тонна сабзавоту мева ва маҳсулоти полезӣ интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 ба андозаи 21% камтар аст. Соли 2013 ин нишондиҳанда ба 227 ҳазор тонна баробар буд.
Гуфта мешавад, аз ҳаҷми умуми ин навъи маҳсулоти кишоварзии содиротшуда дар соли гузашта ҳудуди 77%-аш ба Қазоқистон рост меояд.
Зимнан зикр мегардад, ки ин навъи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ соли 2014 ҳамчунин ба миқдори начандон зиёд ба Покистон, Туркманистон, Ироқ, Афғонистон, Туркия, Белорус, Украина, Чин, Эрон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Олмон, Латвия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо низ содирот шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли 2014 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан хушкмева (ҳудуди 80 ҳазор тонна) ва бехпиёз (қариб 76 ҳазор тонна) интиқол дода шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста