Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммадаи Шоҳиён имрӯз ҳайати нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) дар интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ атрофи омодагӣ ба интихобот, иҷрои тавсияҳои ДИДҲБ/САҲА, таҳия ва қабули дастурҳо, баргузории семинарҳои омӯзишӣ, таъсиси ҳавза ва қитъаҳои интихоботӣ, комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ ва ҳамчунин ҷараёни сабти расмии номзадҳо тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ табодули назар сурат гирифт.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки бо мақсади таъмини фаъолияти муташаккил ва пурсамари нозирони байнулмилалӣ, КМИР бо назардошти талаботи санадҳои байнулмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда, Дастурамал «Дар бораи иштироки нозирони миллӣ ва байнулмилалӣ дар интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо»-ро таҳия ва тасдиқ намудааст, ки дар он тартиби даъват ва сабти нозирон, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо муайн карда шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки комиссияҳои интихоботӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ба мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати таъмини фаъолияти муташаккил ва пурсамари нозирони байнулмилалӣ омодаанд.
Хотиррасон шуд, ки бо қарори КМИР Тоҷикистон, санаи 20-уми январ 28 нафар нозирони ДИДҲБ/САҲА ба қайд гирифта шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста