Зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода изҳор намуд, ки Тоҷикистон танҳо дар мавсими тобистон, замони барзиёд мавҷуд будани нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ, онро ба хориҷи кишвар интиқол медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи тирамоҳу зимистон (моҳҳои октябр-май) бо мақсади нигаҳдории низом (хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва ғайра) хатҳои интиқоли барқ ба самти Афғонистон таҳти як шиддати муайяни ҷараёни барқ гузошта мешаванд.
Вазир қайд кард, ки Афғонистон дархост кардааст, ки интиқоли барқ ба ин кишвар дар давраи тирамоҳу зимистон низ боздошта нашавад. «Вале мо ин дархости онҳоро рад карда, шарҳ додем, ки дар ин давра мо худамон ба камбуди барқ дучор мешавем. Ҳамин тариқ, айни замон Афғонистон аз дигар кишварҳои ҳамсоя нерӯи барқ дастрас мекунад», - иброз дошт ӯ.
Дар маҷмӯъ, зикр кард Усмонзода, соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 1 млрд. 321 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот карда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2013 ба миқдори 365,5 млн. кВт/соат ё худ 37,1% бештар аст. «Тақрибан 1 млрд. кВтсоат нерӯи барқи содиротшуда ба мавсими тобистон рост меояд», - таъкид дошт вазир.
Дар ҳамин ҳол, вазир ҳамчунин изҳор кард, ки айни замон ҳамаи шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. «Аҳолии кишвар ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 10-12 соат бо нерӯи барқ таъмин мегардад», -гуфт Усмонзода.
Зимнан таъкид гардид, ки зимистони имсол камбуди нерӯи барқ дар кишвар то 2 млрд. кВт/соат коҳиш ёфтааст. «Соли гузашта иқтидори нерӯгоҳҳои оби барқии Тоҷикистон ба миқдори 210 МВт афзуд, ки ба истеҳсоли 4 млн. кВт/соат нерӯи барқи иловагӣ дар як шабонарӯз баробар аст», - афзуд вазир.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста