Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар бораи муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихобот ба парлумон тасмим гирифт.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин қарор дар робита ба содир шудани ҳукми ғайримунсифона нисбати муовини раиси ҳизб адвокат Шуҳрат Қудратов ва ҳамчунин бинобар сабаби афзоиши фишор ва монеъагузориҳо ба ҲСДТ аз ҷониби ҳукуматдорон қабул шудааст.
«Агар мушкилоти дар боло зикргардида ҳал нашаванд, анҷумани фавқулодаи ҳизб даъват шуда, дар он масъалаи эълони таҳрим ба интихобот аз ҷониби ҳизби мо баррасӣ мешавад», - таъкид дошт Зойиров.
Зимнан зикр гардид, ки мутобиқи оинномаи ҲСДТ, анҷумани фавқулодаи ҳизб дар ҳама гуна вақти шабонарӯз даъват шуда метавонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста