- КМИР Тоҷикистон имрӯз номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбаришудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро расман ба қайд гирифтанӣ буд, аммо дар робита ба қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ оид ба муваққатан даст кашидан аз иштирок дар интихобот, маросими сабти расмии номзадҳо аз ин ҳизб ба муҳлати дигар гузаронида шуд, - иттилоъ дод роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода.
Ба гуфтаи ӯ, КМИР раҳбарияти ҲСДТ-ро расман огоҳ кардааст, ки онҳо бояд то 9-уми феврал масъалаи иштирокашон дар интихобтро муайян кунанд, чунки дар ин сана ҷараёни сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба охир мерасад.
Додозода хотирррасон намуд, ки рӯйхати ҳизбии ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 14 нафар номзадҳо иборат буда, дар садри рӯйхат муовини раиси ҳизб Амният Абдуназаров ва таҳти рақами 3 раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста