- Масъалаҳои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амният ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаро мардуми Тоҷикистон ба дӯши мо вогузор кардааст ва мо бояд ба ин боварӣ сазовор бошем, - иброз дошт имрӯз зимни ироаи паёми худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат қайд кард, ки соли гузаштаро ҳукумати Тоҷикистон бо дастовардҳои назаррас сипарӣ карда, дар кишвар суръати устувори рушд ба қайд гирифта шуд. «Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли гузашта 45,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он 6,7%-ро ташкил дод», - гуфт президент.
Ӯ зикр кард, ки соли гузашта даромадҳои пулии аҳолӣ 23,8 млрд. сомониро ташкил дода, пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкхо 21% афзуданд. «Соли 2014 дар Тоҷикистон 250 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ фароҳам оварда шуданд, ки ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат кард», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба гуфтаи сарвари давлат, соли 2014 сатҳи афзоиши аҳолии кишвар 2,5% ва давомнокии ҳаёт ба ҳисоби миёна 73,4 солро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2000-ум 5 сол зиёдтар аст.
«Нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии кишвар дар соли гузашта 102% ба иҷро расида, ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон тамоили коҳишро касб кард ва соли гузашта 22,8% аз ҳаҷми умумии ММД-ро ташкил дод», - афзуд президенти мамлакат.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста