Дар паёми худ ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатиро вазифадор кард, ки баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ ба палатаи поёнии парлумони кишвар (Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ)-ро таъмин намоянд.
«Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи ҶТ, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад ва сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд», - иброз дошт сарвари давлат.
Ӯ зикр кард, ки интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.
Дар ҳамин ҳол, президент таъкид намуд, ки ҳамаи сиёсатмадорони Тоҷикистон бояд масъулияти худ ба ояндаи кишвар ва сулҳу субот дар ҷомеаро дарк кунанд.
Дар паёми худ сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки агар дар қонунгузории интихоботии кишвар «камбудиҳои ҷой дошта бошанд», онҳоро ислоҳу бартараф намоянд.
«Мо ҳамроҳ Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги бародаркуш раҳо кардем ва ман аз ҳамаи нерӯҳои сиёсии кишвар давъат мекунам, ки ҳеҷ гоҳ ба мардуми худ, ватани худ хиёнат накунанд. Ман аз ҳамаи сиёсатмадорон даъват мекунам, ки ба эҳсосот дода нашудаву ба хоҷагони хориҷӣ умедвор нашаванд», - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста