Зимни ибрози назар ба Паёми имсолаи президенти кишвар раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки «интизориҳои мо амалӣ шуда, паёми президент тамоми масъалахои асосии ҳаёти имрӯзаи ҷомеа ва ҳамчунин вазифаҳои ҳукумат дар робита ба таҳдидҳои кунуниро дар бар мегирад».
Ба гуфтаи ӯ, миёни мушкилоти наздики кишвар метавон душвориҳои вазъи иқтисодӣ дар робита ба таҳримҳо алайҳи Русия, бозгашти муҳоҷирони корӣ ва таҳдиди мушкил шудани вазъи минтақа бинобар сабаби хориҷ шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро метавон ном бурд.
«Дар маҷмӯъ, Паёмро метавон эҳтиёткоронаву хушбинона арзёбӣ кард, ки ба вазъи кунунии кишвар ва минатқа созгор аст», - таъкид дошт М.Кабирӣ.
Ӯ ҳамчунин изҳор кард: «Ман бар ин назарам, ки гуфтаҳои президент оид ба «омили муҳимми боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон гардидани интихобот», ҳам аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва ҳам аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ бояд ба наздикӣ ба таври комил амалӣ гардад. Мутмаинам, ки аҳзоби сиёсӣ ба ин омодаанд, ба ҳар ҳол, ҳизби мо ба идомаи кор дар ин самт омода аст. Вале гап сари он аст, ки оё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба амалӣ шудани гуфтаҳои президент омодаанд ё ба ҳар ҳол боз худро эмин нигоҳ медоранд? Ба мансабдорони давлатӣ дар ин бора мустақиман дастуру супориш дода нашуд, умедворем, ки ин амал дар шакли дигар, масалан дар ҷаласаҳои ҳукумат сурат мегирад, зеро бо талоши танҳо аҳзоби сиёсӣ бидуни иштироки дигар субъектҳои ҷараёни интихобот, бахусус сохторҳои давлатӣ, табдили интихобот ба омили мутттаҳидиву сарҷамъии мардуми кишвар ғайриимкон аст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста