Дар робита ба шарҳи паёми ироашудаи президент ба парлумон муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Шокирҷон Ҳакимов изҳор намуд, ки аз нигоҳи мундариҷаву муҳтаво он аз паёмҳои пешин фарқ надошт.
Ӯ таъкид кард, ки ин дафъа ҳам намояндагони ҲСДТ бо сабабҳои маълум ба ин чорабинӣ даъват карда нашуданд.
«Ба фикри ман, мувофиқи мақсад мебуд, агар ба масоили муҳимияти интихоботи қарибулвуқӯъ, тадбирҳо ҷиҳати анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва беҳбуди муносибатҳо бо кишварҳои ҷудогонаи минтақа ва ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ҳамчун шарти стратегии рушди устувор бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешуд», - мегӯяд Ҳакимов.
Муовини раиси ҲСДТ ҳамчунин қайд кард, ки ба андешаи ӯ, масъалаҳои оқибатҳои манфии коррупсия, маҳалгароӣ, «хешутаборчигӣ» ва зуҳуроти дигари манфии ҷомеа, ки ба болоравии нуфузи кишвар дар арсаи байнулмилалӣ ва маҳсулнокии фаъолияти ҳукумат монеъа эҷод мекунанд, низ ба таври бояду шояд мавриди баррасӣ қарор нагирифтанд.
«Ман пешниҳод мекардам, ки минбаъд вақти ироаи паёми президент то 40 дақиқа маҳдуд гардида, ба на бештар аз ду масъалаи сиёсати дохилӣ ва ду мушкилоти дорои аҳамияти байнулмилалӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад», - афзуд муовини раиси ҲСДТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста