Пас аз даргузашти Суҳроб Шарипов, ки аз тарафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуда буд, ҲХДТ аз ин хавза номзадии Баҳром Абдуаминовро, ки мустақилона худро номзад пешбарӣ намудааст, дастгирӣ карданист.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, пас аз фавти Суҳроб Шарифов санаи 19-уми январ, ҲХДТ ба пешбарии номзади дигар ҳуқуқ надошт.
«Номзади худпешбаришуда Баҳром Абдуаминов низ узви ҲХДТ буда, ба ҳайси роҳбари Расати Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи пойтахт фаъолияти дорад», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки Суҳроб Шарифовро санаи 10-уми январи соли ҷорӣ ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ намуд. Дар даъвати ҳозираи парлумон низ ӯ ҳамин ҳавзаро намояндагӣ мекард.
Санаи 13-уми январ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури пойтахт хатмкардаи Донишгоҳи байнулмилалии Теҳрон ва факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, духтари муасиси ҲНИТ Саид Абуллои Нурӣ, сиёсатшинос Руқия Саидова (Руқия Нурӣ)-ро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.
Ҳамчунин мебояд гуфт, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии мазкур Ҳизби демократи Тоҷикистон яке аз фаъолони ҳизб, журналист Аҳмадшоҳи Комилзодаро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста