Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маълумот дар бораи имкони барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошкандро тасдиқ накард.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асозода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол миёни вазоратҳои нақлиёти кишварҳо дар ин хусус ҳеҷ тавофуқоте ҳосил нашудааст.
«Мо бо 18 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Ӯзбекистон низ созишнома дар бораи мухобироти ҳавоӣ ба имзо расонидаем ва Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҷонибдори монеъа эҷод кардан дар ин самт нест. Баръакс мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкориҳо дар ин соҳаро ривоҷ диҳем», - иброз дошт вазир.
Ба гуфтаи Асозода, дар робита ба масъалаи густариши мухобироти ҳавоӣ миёни кишварҳо ӯ шахсан ба вазири нақлиёти Ӯзбекистон бо нома муроҷиат кардааст, «вале то ҳанӯз ба муроҷиати худ посухе нагирифтааст».
Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик дар Истамбул вохӯрии роҳбарони вазорату идораҳои нақлиёти кишварҳои созмони ТРАСЕКА доир мегардад ва дар доираи кори он ӯ масъалаи мазкурро бо вазири нақлиёти Ӯзбекистон баррасӣ карданист.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи равон васоити ахбори умуми Ӯзбекистон иттилоъ дода буданд, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» («Uzbekistan Airways») аз 29-уми март ба роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе оғоз мекунад.
Аввали ҳафтаи гузашта директори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Рустам Холиқов низ ба журналистон изҳор намуд, ки дар робита ба дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд - Душанбе, ФБД ва ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» огоҳиномаи расмӣ нагирифтаанд.
Рӯзи 12-уми январи соли равон «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.




Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста