Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки айни замон дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 483 млн. доллари ИМА идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ахири соли равон ба итмом расидани корҳои таъмиру азнавсозӣ дар қитъаи роҳи мошингарди Шӯрообод – Шоҳон, Кӯлоб – Қалъаи Хумб, азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – марзи Ӯзбекистон (аз дарвозаҳои ғарбии пойтахт то сарҳади Ӯзбекистон) ва корҳои таҳияи лоиҳаи арзёбии фанниву иқтисодии корҳои таъмир ва таҷдиди роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Тавилдара дар назар аст.
Вазири нақлиёт қайд кард, ки соли гузашта корҳои таъмиру азнавсозӣ дар 5 иншоот, аз ҷумла сохтмони роҳи Шоҳон – Зигар (марҳилаи 3-юм), азнавсозии роҳи Данғара – Кангурт, роҳ ба самти нақби «Озодӣ» (Шар-Шар), сохтмони терминал дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ҳамчунин амалисозии лоиҳаи дастрас намудани техника ва механизмҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳо ба охир расид, ки маблағи умумии лоиҳаҳои зикршуда 115,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаанд.
«Татбиқи ин лоиҳаҳо иловатан ба таъмиру таҷдиди 47,9 километр роҳҳои автомобилгард бо 5 пул (купрӯк), сохтмони терминали муосири хизматгузорӣ дар фурудгоҳи пойтахт ва гузаштан ба зербинои навтарини хизматгузории расмиёти марзӣ имкони мусоид фароҳам овард», - иброз дошт Асозода.
Зимнан зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа оид ба дастрас намудани техника ва механизмҳо барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳо сохтмони ду корхонаи асфалтбарорӣ ба анҷом расонида шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста