Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки аз болои раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба Комиссяи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ шикоят бурда мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Шӯрои сиёсӣ аз суханҳои беасос ва бедалели бархе аз намояндагони рӯҳониёни кишвар алайҳи ҲНИТ нигаронӣ изҳор намуд. «Аз ҷумла, суханҳои беасос ва бедалели раиси Маркази исломии Тоҷикистон муҳтарам Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар чанд маврид алайҳи ҲНИТ мухолиф ба қонунгузории кишвар, ахлоқу одоби исломӣ ва шаъну шарафи як пешвои мазҳабӣ аст», - зирк шудааст дар ҷаласа.
Гуфта мешавад, дар Шурои сиёсии ҲНИТ пешниҳод шудааст, ки аз болои ниҳодҳо ва афроди туҳматкунанда ва қонуншикан нахуст ба КМИР аризаи шикоятӣ пешниҳод гардида, дар сурат такроран содир шудани чунин амал ва ислоҳ нашудан, метавон ба додгоҳ муроҷиат намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамчунин гузориши Ситоди марказии ҲНИТ оид ба ҷамъбасти марҳалаи пешниҳоди номзадҳо шунида шуда, фаъолияти Ситоди марказӣ ва ситодҳои минтақавӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста