Дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон, ки ба рӯзи 29-уми март таъин шудааст, панҷ намоянда аз Тоҷикистон ба сифати нозир ширкат меварзанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати нозирони тоҷик дар ин маъракаи интихоботии кишвари ҳамсоя аз ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Ҷумъа Давлатов, узви КМИР ҶТ Мамадёр Раҷабов, муовини сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Суҳроб Олимзода, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иззатулло Маҳмудов ва котиби матбуотии КМИР Тоҷикистон Фирдавс Табаров иборат аст.

Дар маъракаи интихоботии мазкур чор номзад – аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон президенти кунунӣ Ислом Каримов, аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон раиси Шӯрои марказии ин ҳизб Ҳотамҷон Кетмонов, аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон раиси Шӯрои сиёсӣ ва Кумитаи иҷроияи ҳизб Наримон Умаров ва аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон узви фраксия дар парлумон Акмал Саидов ба мансаби президентӣ дар Ӯзбекистон довталабӣ мекунанд.