Нимаи дуюми имрӯз, 27 январ маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Суҳроб Шарипов дар ҳаёти зеҳнӣ ва сиёсииТоҷикистони муосир» мизи гирд барпо мекунад.
Аз маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба чорабинии мазкур кормандони сохторҳои давлатӣ, коршиносони масоили сиёсӣ ва намояндагони ВАО даъват карда шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 20 январ яке аз арбобони сиёсии саршиноси Тоҷикистони муосир, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Суҳроб Шарипов аз олам даргузашт.
«Тӯли ҳаёти пурмаҳсул зимни фаъолият ҳам бо сохторҳои давлативу ҳам ғайридавлатӣ ва ҳамчунин ташкилотҳои байнулмилалӣ Суҳроб Шарипов аз худ мероси ғаниву бузурги зеҳнӣ ва сиёсӣ боқӣ гузошт. Иштирокдорони чорабинӣ моҳияту нақши ин мерос барои имрӯз ва дурнамои Тоҷикистону минтақаи Осиёи Марказиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд», - гуфт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста