- Реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар Тоҷикистонро ният дорем, ки имсол аз вақти маъмулӣ пештар бекор кунем, - изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯза раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин амал шароитҳои мушаххас, аз қабили нисбатан баланд будани сатҳи об дар обанбори Норак ва мутаносибан захираҳои кофии об ва ҳамчунин маҷрои қаноатбахши дарёи Вахш мусоидат карда метавонанд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ба истеъмолгарони дохилӣ дар Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи апрел бекор гардида буд.
Раҳматзода қайд кард, ки айни замон сатҳи об дар обанбори Норак 889,97 метрро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 4,27 метр зиёдтар аст. «Маҷрои об дар дарёи Вахш қариб ба 200 метри мукааб дар як сония баробар аст», - гуфт ӯ.
Раиси ширкат итминон дод, ки имсол барои аз вақти маъмулӣ барвақттар бекор кардани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ захираву имконот мавҷуданд.
Ба қавли ӯ, айни замон шаҳрҳои бузурги кишвар ва марказҳои ноҳияҳо шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. «Ба истифодабарандагони боқимонда ҳадди ақал 11-12 соат дар як шабонарӯз нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Имрӯз ҳамаи минтақаҳо шабонарӯзӣ на камтар аз 11 соат бо барқ таъминанд», - афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти торнамои barknest.tj , ба баъзе минтақаҳои кишвар имрӯз барқ ба муддати ҳамагӣ 6 соат дар як шабонарӯз дода мешавад. Зикр мегардад, ки айни замон аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 8-10 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста